Барои дидани тафсилот рӯйи тасвир ангушт занед
Фармондеҳи полис
барои тафсилот зер кунед ▼Фармондеҳи полис
Собиқ узви Сипоҳи посдорон буда, дар зинаҳои баланди ниҳодҳои интизомӣ хидмат кардааст. Тӯли солҳо дар саркӯби эътирозҳои мухолифон нақши калидӣ дошта, ҳоло назорати амнияти дохилӣ ва иҷрои қонунро бар уҳда дорад. Ин масъулият дар шароити ҳассоси ҳозираи Эрон — миёни бими нооромиҳои дохилӣ ва ҳамлаҳои Амрикову Исроил барои тағйири низом — аҳамияти дучанд пайдо кардааст.
Раиси Қувваи қазоӣ
барои тафсилот зер кунед ▼Раиси Қувваи қазоӣ
Ӯ дар сохтори қудратии Эрон собиқаи тӯлонӣ дошта, мансабҳои калидиро дар Қувваи қазоия бар уҳда доштааст. Ҳамчун рӯҳонии олирутба ва аз чеҳраҳои содиқи низом, дар ҳифзи назорати дохилӣ нақши муҳим мебозад. Мавсуф бо изҳорот ва ҳушдорҳои шадид дар мавриди нооромиҳо, ба вижа ишораҳо ба муҷозоти қатл (эъдом) дар шароити буҳронӣ ва ҷангӣ, шинохта шудааст. Нуфузи ӯ дар равандҳои интиқоли қудрат ва тасмимгириҳои роҳбурдии ниҳодҳои амниятӣ ниҳоят баланд гуфта мешавад.
Фармондеҳи кулли Артиш
барои тафсилот зер кунед ▼Фармондеҳи кулли Артиш
Ҳотамӣ собиқ мушовири Алӣ Хоманаӣ буда, солҳои 2017–2021 дар ҳукумати Ҳасан Рӯҳонӣ вазифаи вазири мудофиаро бар уҳда дошт. Ҳамчун фармондеҳи олирутба, ӯ яке аз чеҳраҳои калидии Артиши Эрон ба шумор меравад — ниҳоде, ки дар канори Сипоҳи посдорон, вале бо сохтори мустақил ва ҷудогона фаъолият мекунад.
Фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳ
барои тафсилот зер кунед ▼Фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳ
Яке аз фармондеҳони собиқадори Сипоҳи посдорон аст. Пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ дар пайи ҳамлаи ҳавоии Амрико дар фурудгоҳи Бағдод (соли 2020), ба ин мансаб таъйин гардид. Аз солҳои 1990 то замони марги Сулаймонӣ вазифаи ҷонишини ӯро бар уҳда дошт. Ҳоло ӯ Нерӯи Қудс - бозӯи амалиётҳои беруназмарзии Сипоҳро, ки масъули назорат бар шабакаи муттаҳидон ва нерӯҳои ниёбатии Эрон дар минтақа аст, раҳбарӣ мекунад ва дар низоми кунунӣ нақши барҷаста дорад.
Вазири умури хориҷа
барои тафсилот зер кунед ▼Вазири умури хориҷа
Роҳбарии ҳайати музокиракунандаи Эронро дар гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Амрико дар солҳои 2025 ва 2026 бар уҳда дошт. Қаблан (солҳои 2013–2021) ҳамчун муовини Муҳаммадҷавод Зариф — вазири хориҷаи вақти Эрон дар ҳукумати Рӯҳонӣ — фаъолият кардааст. Бо нақши муассираш дар таҳияи созишномаи ҳастаии соли 2015 (Барҷом) ва баъдан ҳамчун музокиракунандаи аршади Эрон дар соли 2021 барои эҳёи ин созишнома шинохта мешавад. Баръакси Зариф, ӯ бо доштани равобити наздик ва ҳамоҳанг бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ маъруфият дорад.
Раиси созмони иттилооти Сипоҳ
барои тафсилот зер кунед ▼Раиси созмони иттилооти Сипоҳ
Пеш аз таъйин шудан ба раёсати Созмони иттилооти Сипоҳ, яке аз ду ниҳоди калидии амниятии Эрон, роҳбарии Созмони ҳифозати иттилооти Сипоҳро бар уҳда дошт. Моҳи июни соли 2025 ӯ ҷойгузини Муҳаммад Козимӣ гардид, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба ҳалокат расид. Ҳоло ӯ бар дастгоҳи густурдаи истихборотии Сипоҳ дар дохил ва хориҷи кишвар назорат мекунад. Ниҳоди зери раҳбарии ӯ дар канори Вазорати иттилоот фаъолият дошта, дар шароити ҷангӣ нақши меҳварӣ дорад ва ҳамин шабу рӯз таъсиргузори бештар пайдо кардааст.
Раиси маҷмаи ташхиси маслаҳати низом
барои тафсилот зер кунед ▼Раиси маҷмаи ташхиси маслаҳати низом
Рӯҳонӣ ва чеҳраи шинохтаи сиёсист. Аз моҳи декабри соли 2018 раёсати Маҷмаи ташхиси маслаҳати низомро бар уҳда дорад. Қаблан раиси Қувваи қазоияи Эрон (2009–2019) буд ва аз аъзои собиқадори Маҷлиси хубрагон ва Шӯрои нигаҳбон ба шумор меравад. Ӯ яке аз чеҳраҳои барҷастаи хонадони пурнуфузи Лориҷониҳо буда, ҳамчун сиёсатмадори муҳофизакор ва дорои пайвандҳои наздик бо Раҳбари олии Эрон эътироф шудааст.