Тасмимгирандагони асосии Эрон

Барои дидани тафсилот рӯйи тасвир ангушт занед

Муҷтабо Хоманаӣ

Муҷтабо Хоманаӣ

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон

барои тафсилот зер кунед ▼

Муҷтабо Хоманаӣ

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон

Ӯ олитарин мақоми динӣ, низомӣ ва қонунгузор дар Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳсуб мешавад. Номбурда ҷонишини падараш — Алии Хоманаӣ гардид, ки рӯзи 28-уми феврал дар пайи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил кушта шуд. Қаблан чеҳраи камшинохтае буд ва пас аз таъйини расмӣ ба ин мақом дар рӯзи 8-уми март низ дар миёни омм зоҳир нашудааст. То ҳол ягон навор ё садои ӯ ҳам нашр нагардидааст. Ин вазъият шубҳаву гумонҳоро дар мавриди саломатии ӯ афзун мекунад.

Аҳмад Ваҳидӣ

Аҳмад Ваҳидӣ

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон (тибқи гузоришҳо)

барои тафсилот зер кунед ▼

Аҳмад Ваҳидӣ

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон (тибқи гузоришҳо)

Гарчанде таъйини ӯ расман эълон нашудааст, вале аз 19-уми март инҷониб чанд расонаи эронӣ аз ӯ ҳамчун фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ном мебаранд. Мавсуф солҳои 2021–2024 дар ҳукумати Иброҳим Раисӣ вазифаи вазири кишварро бар уҳда дошт. Ӯ ҳамчунин дар Нерӯи Қудс — бозӯи амалиётҳои беруназмарзии Сипоҳ — мансабҳои калидиро соҳиб буд ва яке аз чеҳраҳои таъсиргузор дар ниҳодҳои амниятии Эрон ба шумор меравад.

Муҳаммадбоқир Қолибоф

Муҳаммадбоқир Қолибоф

Раиси маҷлис (парлумон)

барои тафсилот зер кунед ▼

Муҳаммадбоқир Қолибоф

Раиси маҷлис (парлумон)

Қолибоф солҳо дар сохтори Сипоҳ мансабҳои калидиро соҳиб буд; аз ҷумла, солҳои 2000–2005 фармондеҳии пулисро бар уҳда дошт ва аз соли 2005 то 2017 шаҳрдори Теҳрон буд. Ӯ аз соли 2020 раиси Маҷлис (парлумон) мебошад. Номбурда дар чанд интихоботи раёсатҷумҳурӣ ширкат варзид, аммо ноком гардид: аз он ҷумла дар интихоботи бармаҳали соли 2024 мақоми севумро касб кард. Вай бештар бо робитаҳои наздикаш бо роҳбарияти кунунии Сипоҳ шинохта шудааст.

Масъуд Пизишкиён

Масъуд Пизишкиён

Раисҷумҳур

барои тафсилот зер кунед ▼

Масъуд Пизишкиён

Раисҷумҳур

Сиёсатмадори ислоҳталаб маҳсуб мешавад. Солҳои 2001–2005 дар ҳукумати Муҳаммад Хотамӣ вазифаи вазири беҳдоштро бар уҳда дошт. Аз соли 2008 намояндаи Маҷлис (парлумон) ва аз соли 2016 то 2020 ноиби аввали раиси Маҷлис буд. Пизишкиён пас аз даргузашти Иброҳим Раисӣ, дар интихоботи бармаҳали соли 2024 пирӯзӣ ба даст овард. Вай пас аз кушта шудани Алии Хоманаӣ, ба Шӯрои роҳбарии муваққат шомил гардид ва то интихоби Муҷтабо Хоманаӣ дар он фаъолият кард. Гуфта мешавад, ки феълан дар тасмимгириҳои калидии кишвар нуфузи каме дорад.

Маҷид Мӯсавӣ

Маҷид Мусавӣ

Фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳ

барои тафсилот зер кунед ▼

Маҷид Мусавӣ

Фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳ

Мусавӣ қаблан ҷонишини фармондеҳи Нерӯи ҳавофазои Сипоҳ буд. Вай пас аз кушта шудани сартип Амиралӣ Ҳоҷизода дар пайи ҳамлаҳои Исроил дар моҳи июни соли 2025, ба ин вазифа таъйин гардид. Нерӯи ҳавофазои Сипоҳ барномаҳои мушакӣ ва паҳподҳои Эронро идора карда, дар низоми мудофиавии кишвар нақши калидӣ дорад.

Алиакбар Аҳмадиён

Алиакбар Аҳмадиён

Намояндаи раҳбари олӣ дар Шӯрои дифоъ

барои тафсилот зер кунед ▼

Алиакбар Аҳмадиён

Намояндаи раҳбари олӣ дар Шӯрои дифоъ

Аҳмадиён қаблан фармондеҳии Нерӯи дарёии Сипоҳро бар уҳда дошт ва дар даҳаҳои 1990 ва 2000 дар мансабҳои баланди дигари ин ниҳод фаъолият намудааст. Ӯ солҳои 2007–2023 раиси Маркази омӯзиши стратегии Сипоҳ ва аз соли 2023 то 2025 дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ буд. Сипас, ҳамчун намояндаи Раҳбар дар Шӯрои дифоъ, ки пас аз ҷанги 12-рӯза таъсис ёфт, таъйин гардид.

Алӣ Абдуллоҳӣ

Алӣ Абдуллоҳӣ

Фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотам-ул-Анбиё

барои тафсилот зер кунед ▼

Алӣ Абдуллоҳӣ

Фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотам-ул-Анбиё

Абдуллоҳӣ собиқадори Сипоҳ буда, солҳо дар Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ, пулис ва Вазорати кишвар мансабҳои баландро соҳиб буд. Ӯ солҳои 2009–2014 дар вазифаи муовини вазири кишвар фаъолият намудааст. Дар ҷанги Эрон ва Ироқ ҳам ширкат кардааст ва халабони низомӣ мебошад. Номбурда фармондеҳии Қароргоҳи марказии Хотам-ул-Анбиёро бар уҳда дорад — ниҳоде, ки ҳамоҳангии миёни Сипоҳ ва Артишро назорат мекунад ва дар набарди кунунӣ бо Амрико ва Исроил аҳамияти роҳбурдӣ пайдо кардааст.

Муҳаммадбоқир Зулқадр

Муҳаммадбоқир Зулқадр

Дабири шӯрои олии амнияти миллӣ

барои тафсилот зер кунед ▼

Муҳаммадбоқир Зулқадр

Дабири шӯрои олии амнияти миллӣ

Зулқадр солҳои 2021–2026 дар вазифаи дабири Маҷмаи ташхиси маслаҳати низом фаъолият намудааст. Аз соли 1997 то 2006 ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳ буд ва дар ин ниҳод, инчунин дар сохторҳои Қувваи қазоӣ мансабҳои калидиро соҳиб буд. Таъйини ӯ ба ҷойгузинии Алӣ Лориҷонӣ гувоҳи он аст, ки ҳамчун чеҳраҳои амниятӣ дар тасмимгириҳои роҳбурдии Эрон нуфузи густурда доранд.