1Ҳис кардани амният · соли 2025Дар Осиёи Марказӣ мардуми кадом кишвар худро бехатартар ҳис мекунанд?
Ба забони оддӣ: Дар Тоҷикистон аз ҳар 100 нафар 93 нафар шабона танҳо роҳ гаштанро бехатар медонанд. Ин баландтарин нишондиҳанда дар Осиёи Марказӣ ва дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ аст. Дар Қазоқистон ин рақам 70 нафар аст.
Шабона худро бехатар ҳис мекунанд (%)
Туркманистон ва Афғонистон дар гузориши соли 2026 нестанд.
2Фарқ бо ҳамсояҳоТоҷикистон аз ҳамсояҳо чанд банд пеш аст?
Ба забони оддӣ: Агар нишондиҳандаи Тоҷикистонро (93 дарсад) бо ҳамсояҳо муқоиса кунем, фарқ аз 6 то 23 банди дарсадӣ мешавад. Аз ҳама наздик ба Тоҷикистон Ӯзбекистон аст.
3Шохиси “Қонун ва тартибот” · соли 2025Шохиси “Қонун ва тартибот” дар Тоҷикистон ва ҳамсояҳо
Ба забони оддӣ: Шохис эҳсоси амният, бовар ба пулис, дуздӣ ва ҳамларо якҷо ҳисоб мекунад. Тоҷикистон бо 96 хол дар ҷаҳон аввал аст, Ӯзбекистон бо 92 хол ҷойи 9-умро дорад.
Холи шохис аз 100
Холи Русия ба миёнаи ҷаҳонӣ баробар аст.
4Кишварҳои пасошӯравӣТоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ
Ба забони оддӣ: Дар ҳарду радабандӣ дар байни 10 кишвари пасошӯравӣ Тоҷикистон аввал ва Украина охир аст.
Шохиси “Қонун ва тартибот” (хол)
Шабона худро бехатар ҳис мекунанд (%)
Дар Украина минтақаҳои ишғолшуда, ки шабакаи телефонии украинӣ надоранд, пурсида нашудаанд.
5Минтақа дар 20 солМинтақаи пасошӯравӣ дар 20 сол чӣ қадар бехатартар шуд?
Ба забони оддӣ: Соли 2006 дар кишварҳои пасошӯравӣ танҳо 37 дарсади мардум шабона худро бехатар ҳис мекарданд. Соли 2025 ин рақам ба 74 дарсад расид, яъне ду баробар шуд. Ҳеҷ минтақаи дигари ҷаҳон чунин рушд надоштааст. Тоҷикистон (93 дарсад) аз миёнаи минтақа 19 банд пеш аст.
6Худро санҷедТест: шумо чӣ қадар бодиққат хондед?
Ба ҳар савол як ҷавоб интихоб кунед. Пас аз ҷавоб шарҳи кӯтоҳ пайдо мешавад, дар охир натиҷаи худро мебинед.
1Дар Осиёи Марказӣ пас аз Тоҷикистон мардуми кадом кишвар худро бехатартар ҳис мекунанд?
Ӯзбекистон: 87 дарсад. Ӯзбекистон дар шохиси “Қонун ва тартибот” низ дар даҳгонаи ҷаҳонӣ аст.
2Дар Қазоқистон чанд дарсади мардум шабона худро бехатар ҳис мекунанд?
70 дарсад. Ин рақам қариб ба миёнаи ҷаҳонӣ (69 дарсад) баробар аст.
3Кадом ду кишвари минтақа дар гузориши нав нестанд?
Туркманистон ва Афғонистон. Барои ин ду кишвар дар гузориши соли 2026 маълумот нест.
4Савол барои мантиқ: соли 2006 дар минтақа 37 дарсад, соли 2025 бошад 74 дарсад худро бехатар ҳис мекарданд. Ин чӣ маъно дорад?
Ду баробар зиёд шуд: 37 × 2 = 74. Ин бузургтарин рушд дар байни ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон аст.