🛡️

Чора чист, то ба доми қаллобон наафтем?

Роҳҳои пешгирӣ аз қаллобӣ тариқи интернет

1
Барномаро насб накунед

Агар занг зада, гӯянд, барои насби 5G бояд барномае боргирӣ кунед — фавран суҳбатро қатъ кунед. Ягон ширкати мобилӣ ин гуна барномаҳоро махсусан тавассути WhatsApp ё Telegram намефиристад.

2
Рамз ё маълумоте надиҳед

Рамзи SMS, PIN-код, рақами корти бонкӣ ва CVV-ро ба касе надиҳед. Ширкатҳои мобилӣ ва бонкҳо ин маълумотро ҳеҷ гоҳ телефонӣ намепурсанд.

3
Ба рақамҳои ношинос эътимод накунед

Қаллобон ҳатто рақамҳои расмии ширкатҳоро тақлид карда метавонанд. Агар шубҳа дошта бошед, худатон бо рақами расмии ширкат ё бонки худ тамос гиред.

4
Файлҳои ношиносро боргирӣ ва насб накунед

Махсусн, файли "5G+VOLTE.apk" ё ҳар гуна барномаи аз мессенҷерҳо омада метавонад нармафзори ҷосусӣ бошад, ки ба барномаҳои бонкии телефон дастрасӣ пайдо мекунад.

5
Барномаҳои бонкиро аз дӯкони расмӣ боргирӣ кунед

Танҳо аз Play Market ё App Store боргирӣ кунед. Рамзи дастрасии барномаи бонкиро ба ҳеҷ кас надиҳед.

6
Агар маблағ рабуда шуд — фавран хабар диҳед

Ба бонки худ ва ба ВКД — 102 ё Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил занг зада, аз ҳодиса хабар диҳед, то пешгирӣ ё чораҷӯӣ шавад.

Манбаъ: ВКД, Хадамоти алоқа, Бонки миллӣ

Таҳиягар: Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus