1Моддаи 8 · пештар моддаи 4Ширкат кай ҳукмфармо мешавад?
Ба забони оддӣ: Ширкат вақте “ҳукмфармо” ҳисобида мешавад, ки дар бозор ҳиссаи калон дорад ва метавонад аз рақибон ва харидорон мустақилона амал кунад. Ҳадди асосии ин ҳисса баландтар шуд: аз 35 ба 40 дарсад.
Дар қонуни нав
- 1Агар ҳиссаи ширкат дар бозори дахлдор аз 40 дарсад зиёд бошад, мавқеи он ҳукмфармо ҳисобида мешавад, магар худи ширкат исбот карда тавонад, ки мавқеи ҳукмфармо надорад.
- 2Агар ҳисса аз 40 дарсад кам бошад ҳам, мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ метавонад онро ҳукмфармо эътироф кунад: агар ҳиссаи ширкат дар бозор бетағйир бошад ё рақибони нав ба ин бозор ворид шуда натавонанд.
- 3Агар ҳиссаи ширкат аз 15 дарсад зиёд набошад, мавқеи он ҳукмфармо эътироф намегардад.
- 4Мавқеи ташкилоти молиявӣ ҳукмфармо ҳисобида мешавад, агар ҳиссааш дар бозор 40 дарсад ё бештар бошад.
Пештар чӣ буд
- 1Ширкат ҳукмфармо ҳисобида мешуд, агар ҳиссааш аз 35 дарсад зиёд мебуд, магар худаш исбот мекард, ки ҳукмфармо нест.
- 2Агар ҳисса аз 35 дарсад кам мебуд, мақом метавонист бо ҳамин асосҳо ширкатро ҳукмфармо эътироф кунад.
- 3Ҳадди поёнии 15 дарсад дар қонун зикр нашуда буд.
- 4Барои ташкилотҳои молиявӣ танҳо ду ҳадд буд: ду ташкилот бо 50 ва се ташкилот бо 70 дарсад. Як ташкилот бо 40 дарсад дар қонун набуд.
Ин қоидаҳо тағйир наёфтаанд ва дар қонуни пешина ҳам буданд:
Ҳукмфармоии якчанд ширкат
Ҳиссаи на бештар аз се ширкат аз 50 дарсад зиёдтар бошад, ё ҳиссаи на бештар аз панҷ ширкат аз 70 дарсад зиёдтар. Агар ҳиссаи яке аз онҳо аз 5 дарсад камтар бошад, ин қоида татбиқ намегардад.
Инҳисори табиӣ
Мавқеи ширкате, ки дар бозори дахлдор субъекти инҳисори табиӣ аст, ҳукмфармо эътироф мегардад.
2Моддаҳои 6–7 · пештар моддаҳои 7–8Кадом созишномаҳо манъ аст?
Ба забони оддӣ: Агар ширкатҳои рақиб байни худ созиш кунанд, то рақобат нашавад, ин “созиши зиддирақобатӣ” (картел) аст. Созиши таъминкунанда бо харидор низ манъ аст, агар рақобатро маҳдуд кунад. Қонуни нав барои ҳар ду ҳадди бехатар муқаррар кардааст.
Дар қонуни нав
- 1Созиши ширкатҳои рақиб дар як бозор, ки мақсадаш маҳдуд, пешгирӣ ё таҳриф кардани рақобат аст, беэътибор ва татбиқнашаванда ҳисобида мешавад.
- 2Манъ аст: муайян кардани нарх, тахфиф ва иловапулӣ; дасткорӣ дар савдо бо интихоби пешакии ғолиб; тақсими бозор аз рӯйи ҷуғрофия, истеъмолкунанда ё номгӯйи маҳсулот; маҳдуд кардани истеҳсолот ва тақсими квотаҳо.
- 3Агар ҳиссаи умумии иштирокчиёни созиш дар бозор аз 15 дарсад зиёд набошад, ин рақобатро маҳдуд намекунад.
- 4Созиши амудӣ манъ аст, агар мақсадаш маҳдуд кардани рақобат бошад: масалан, фурӯшанда нархи ниҳоии фурӯши такрориро муқаррар кунад, ҳудуди фурӯши харидорро маҳдуд намояд ё фурӯши онлайнро манъ кунад.
- 5Агар ҳиссаи таъминкунанда ва харидор дар бозор аз 20 дарсад зиёд набошад ва созишнома маҳдудият ба вуҷуд наорад, он рақобатро маҳдудкунанда ҳисобида намешавад.
Пештар чӣ буд
- 1Созиши зиддирақобатӣ низ манъ буд ва рӯйхати он дарозтар буд: аз ҷумла, рад кардани бастани шартнома ва муқаррар кардани нархҳои гуногуни беасос барои харидорони як мол.
- 2Созиши амудиро танҳо дар ду ҳолат иҷозат медоданд: агар дар шакли хаттӣ ҳамчун “шартномаи консессияи тиҷоратӣ” баста шавад, ё агар ҳиссаи ҳар яки онҳо аз 5 дарсад зиёд набошад.
- 3Ширкатҳо пеш аз бастани чунин созишнома бояд ба мақом муроҷиат мекарданд, то мутобиқати лоиҳаи онро санҷад. Дар қонуни нав чунин талабот нест.
- 4Ҳадди 15 дарсад барои созиши рақибон зикр нашуда буд.
3Моддаҳои 23–24 · пештар моддаҳои 25–26Агар ширкатҳо муттаҳид шаванд, чӣ мешавад?
Ба забони оддӣ: Агар ширкатҳо муттаҳид шаванд ё як ширкат дигареро харад, мақоми зиддиинҳисорӣ бояд бубинад, ки ин рақобатро коҳиш намедиҳад. Қонуни нав муҳлатҳои баррасиро сабт кардааст.
Огоҳӣ ва розигӣ
Пеш аз анҷоми аҳд ширкатҳо ба мақом хабар медиҳанд ва розигии онро мегиранд.
пеш аз аҳдЭълон
Мақом дар давоми 10 рӯз дар сомонаи худ хабар мегузорад. Рақибон ва тарафҳои дигари манфиатдор дар давоми 20 рӯз пешниҳод фиристода метавонанд.
10 + 20 рӯзМарҳилаи якум
Дархост ба ширкатҳо, пурсиши рақибон ва истеъмолкунандагон, вохӯрӣ бо тарафҳо.
30 рӯзМарҳилаи дуюм
Агар мушкилоти ҷиддӣ ошкор шавад: ҷамъоварии маълумот, пурсишнома, боздиди объектҳо.
30 рӯзДароз кардани муҳлат
Мақом метавонад муҳлати умумии 60 рӯзаро аз 30 то 120 рӯз дароз кунад. Агар ба муҳлат қарор набарорад, муттаҳидшавӣ анҷомёфта ҳисобида мешавад.
30–120 рӯзҚарори мақом яке аз се хел аст:
Рақобат коҳиш намеёбад
Муттаҳидшавии пешниҳодшуда тасдиқ мешавад.
Рақобат коҳиш меёбад, вале шартҳо онро бартараф мекунанд
Муттаҳидшавӣ бо риояи шартҳо тасдиқ мешавад.
Рақобат коҳиш меёбад ё маҳдуд мешавад
Муттаҳидшавӣ эҳтимолан ба коҳиши рақобат оварда мерасонад.
Дар қонуни нав
- 1Агар гардиши умумӣ ё дороиҳо аз ҳадди ниҳоии дар Дастурамали назорат аз рӯйи муттаҳидшавӣ нишондодашуда зиёд бошад, ширкатҳо бояд хабар диҳанд ва розигӣ гиранд. Худи ҳадд дар қонун нест: онро мақом дар дастурамал муқаррар мекунад.
- 2Назорат вақте ба вуҷуд меояд, ки шахс беш аз 50 дарсади сармоя ё дороиҳои ширкатро дошта бошад ё ба қарорҳои он таъсири мустақим ё ғайримустақим расонад.
- 3Мақом метавонад аз тарафҳое, ки ба ҳадд нарасидаанд, талаб кунад, ки дар давоми 12 моҳ пас аз аҳд огоҳинома диҳанд.
- 4Шакли соддакардашуда: агар тарафҳо дар бозорҳои гуногун фаъолият кунанд; ҳиссаи умумии онҳо дар созиши уфуқӣ аз 20 ва дар амудӣ аз 30 дарсад камтар бошад; ё корхонаи муштарак дороӣ ва гардиши молиявӣ надошта бошад.
- 5Муттаҳидшавии бар хилофи қонун анҷомшуда аз ҷиҳати ҳуқуқӣ беэътибор аст. Ба қарори мақом дар давоми 30 рӯз ба додгоҳ шикоят кардан мумкин аст.
- 6Агар ширкатҳо як гурӯҳи шахсон бошанд, рӯйхати онҳо камаш як моҳ пеш аз аҳд ба мақом супорида мешавад.
Пештар чӣ буд
- 1Розигии пешакии мақом дар ҳамаи ҳолатҳои номбаршуда лозим буд: масалан, таъсис ва азнавташкилдиҳии ширкат бо сармояи оинномавии аз 50 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд, ҳамроҳшавӣ ва хариди саҳмияҳо.
- 2Мақом дар давоми 10 рӯз ба аризадиҳанда хаттӣ хабар медод.
- 3Агар аризадиҳанда дар давоми 30 рӯз ҷавоб намегирифт ё бо қарор розӣ намешуд, метавонист дар давоми шаш моҳ ба додгоҳ муроҷиат кунад.
- 4Ду марҳилаи баррасӣ, дароз кардани муҳлат ва шакли соддакардашуда дар қонуни пешина зикр нашуда буданд.
4Моддаи 22Санҷишҳои ногаҳонӣ чӣ гуна мегузаранд?
Ба забони оддӣ: Мақом метавонад бе огоҳии пешакӣ ба бинои ширкат биёяд, то далелҳои созиши пинҳонии рақибонро ҷамъ кунад ва нагузорад, ки онҳоро нест ё пинҳон кунанд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон мораторий (боздошти санҷишҳо) амал мекунад: рӯзи 28-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий ба санҷиши соҳибкорони хурду миёнаро то соли 2029 имзо кард.
Дар қонуни нав
- 1Санҷишҳои ногаҳонӣ мувофиқи принсипҳои зарурат, мутаносибӣ ва кифоятӣ бо мақсади муайян, маҳдуд ва қатъ кардани созишҳои зиддирақобатӣ гузаронда мешаванд.
- 2Шахсони мансабдор ҳуқуқ доранд: пешниҳоди маълумотро талаб кунанд, ҳуҷҷатҳо ва сабтҳоро (дар ҳама гуна шакл) тафтиш намоянд, нусхаҳои онҳоро гиранд, ба муҳлати муайян биноҳо, воситаҳои нақлиёт ё ҳуҷҷатҳоро муҳр кунанд ва аз ҳама гуна шахсон шарҳ талаб намоянд.
- 3Санҷиш бо пешниҳоди фармоиш гузаронда мешавад. Дар он мавзӯъ ва мақсади санҷиш ва чораҳои ҷавобгарӣ барои рад кардани ҳамкорӣ ё пешниҳоди маълумоти нодуруст нишон дода мешаванд.
- 4Агар ширкат монеъ шавад, мақом ҳуқуқ дорад мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои кумак ҷалб кунад.
Пештар чӣ буд
- 1Санҷишҳои ногаҳонӣ ҳамчун моддаи алоҳида дар қонуни пешина набуданд.
5Моддаи 18 · пештар моддаҳои 18–19Ёрии давлатӣ кай ғайриқонунӣ мешавад?
Ба забони оддӣ: Ёрии давлатӣ — ҳама гуна дастгирие, ки мақомоти давлатӣ аз захираҳои давлатӣ ба як ширкат медиҳанд ва метавонад ба рақобат таъсир расонад. Қонуни нав онро васеътар шарҳ медиҳад ва тартиби пештараро иваз мекунад.
Дар қонуни нав
- 1Ёрии давлатӣ метавонад ҳама гуна шаклҳои дастгирӣ бошад: имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, субсидияҳо, грантҳо, кафолатҳои давлатӣ, қарзҳои имтиёзнок, ҳуқуқҳои истисноӣ, фурӯш ва иҷораи молу мулки давлатӣ бо нархҳои имтиёзнок, додани ҳуқуқи истифодаи замин ва қаъри замин бо шартҳои имтиёзнок.
- 2Барои мавҷуд будани ёрии давлатӣ зарур аст, ки он ба рақобат таъсири таҳрифкунанда дошта бошад ва ба савдо низ бетаъсир набошад.
- 3Мақом барои шаффофият феҳристи ёрии давлатиро пеш мебарад.
- 4Расондани ёрии давлатӣ бе огоҳӣ ё то қабули қарори мақом ёрии ғайриқонунӣ ҳисобида шуда, ба мақоми пешниҳоднамуда ҷуброн карда мешавад.
- 5Агар андозаи ёрӣ аз ҳудуди дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ нишондодашуда зиёд набошад, арзёбии иловагӣ лозим нест.
Пештар чӣ буд
- 1Касе, ки мехост ёрии давлатӣ расонад, бояд ба мақом ариза медод ва иҷозат мегирифт. Мақом дар давоми ду моҳ қарор қабул мекард.
- 2Иҷозат танҳо барои ҳадафҳои номбаршуда дода мешуд: тадқиқоти бунёдии илмӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди фарҳанг, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ, ҳифзи меҳнат ва соҳибкории хурду миёна.
- 3Мақом метавонист қарори иҷозатро бекор кунад, агар он ба маълумоти нодуруст асос ёфта бошад ё шартҳо вайрон шуда бошанд.
6Моддаҳои 20, 25–27 · пештар моддаҳои 22, 28–30Мақом чӣ фармон дода метавонад ва ба кӣ шикоят кардан мумкин аст?
Ба забони оддӣ: Агар қонун вайрон шавад, мақоми зиддиинҳисорӣ ба ширкат ё мақомоти давлатӣ фармоиши ҳатмӣ медиҳад. Ба фармоиши мақом ба додгоҳ шикоят кардан мумкин аст.
Дар қонуни нав
- 1Мақом ба ширкатҳо амр медиҳад: амали мувофиқашуда ва иштирок дар созишномаи маҳдудкунандаи рақобатро қатъ кунанд, суиистифода аз мавқеи ҳукмфарморо қатъ кунанд, вазъи пештараро барқарор намоянд, шартномаро бекор кунанд ё ба он тағйирот ворид созанд.
- 2Фоидаи дар натиҷаи ҳуқуқвайронкунӣ бадастомада ба буҷети давлатӣ ворид карда мешавад.
- 3Мақом метавонад қарор дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ қабул кунад.
- 4Ба фармоиш дар давоми 30 рӯз аз лаҳзаи қабули санад ба додгоҳ шикоят кардан мумкин аст. То эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори додгоҳ иҷрои фармоиш боздошта мешавад.
- 5Андозаи ҷарима дар қонун нест: шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Пештар чӣ буд
- 1Иҷрои ҳатмии фармоиши мақом, шикоят ба додгоҳ дар давоми 30 рӯз ва боздошта шудани иҷрои фармоиш ҳангоми баррасии шикоят дар қонуни пешина низ буд.
- 2Ҷавобгарӣ ҳам “мутобиқи қонунгузорӣ” муқаррар шуда буд ва андозаи ҷарима дар худи қонун нишон дода нашуда буд.