Низоми сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки Амрикову Исроил ҳарос доранду мехоҳанд сарнагун кунанд
Сохтори қудрат · зина ба зина · 2026
Зинаи 1 · Олитарин мақом
Роҳбари олӣ — Валии фақеҳ
Муҷтабо Хоманаӣ · аз 9 марти 2026 · фармондеҳи кул
Роҳбари олӣ — Валии фақеҳ бастан ✕
Асоси қонунӣ Асл (модда)-ҳои 5, 57 ва 110 Қонуни асосӣ (Конститутсия). Назарияи Вилояти мутлақаи фақеҳ — то зуҳури Имоми дувоздаҳум ҳукуматдорӣ вазифаи фақеҳи одил аст.
Кунунӣ Муҷтабо Хоманаӣ, 56-сола, аз 9-уми марти 2026. Падараш Алӣ Хоманаӣ пас аз 37 сол раҳбарӣ (1989–2026) кушта шуд. Пеш аз ӯ Руҳуллоҳ Хумайнӣ (1979–1989) Роҳбари олии Эрон ва асосгузори ҳамин низом буд.
Вазифаҳо мувофиқи асли 110 Роҳбари олӣ сиёсатҳои куллии кишварро пас аз машварат бо Маҷмаи ташхис муайян ва назорат мекунад, ки иҷро шаванд. Фармондеҳи олии тамоми нерӯҳои мусаллаҳ аст — ҳуқуқи эълони ҷанг, оташбас ва фармондиҳии нерӯҳоро дорад. 6 фақеҳи Шӯрои нигаҳбон, раисони Қувваи қазоӣ, Созмони садо ва симо, Ситоди муштарак ва фармондеҳи Сипоҳи посдоронро бевосита таъйин мекунад. Раисҷумҳурро пас аз интихоб тасдиқ ва дар сурати лузум азл (барканор) мекунад. Ҳуқуқи амр дорад.
Интихоб Маҷлиси хубрагон бо раъйи ⅔ аъзо Роҳбари олиро интихоб мекунад. Мӯҳлати муайян надорад.
«Мутлақа» маъно Калимаи «мутлақа» дар асли 57-и Қонуни асосӣ нишон медиҳад, ки вазифаҳои асли 110 ихтиёрӣ нест, балки ҳатмист.
Зинаи 2 · Мустақим аз Роҳбари олӣ вобаста
Шӯрои нигаҳбон
Роҳбари олӣ 6 фақеҳро таъйин мекунад
Қувваи қазоӣ
Раисро Роҳбари олӣ таъйин мекунад (5 сол)
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
Фармондеҳро Роҳбари олӣ таъйин мекунад
Созмони садо ва симо
Раисро Роҳбари олӣ таъйин мекунад
Шӯрои нигаҳбони Қонуни асосӣ бастан ✕
Аъзо 12 нафар. 6 фақеҳи исломиро Роҳбари олӣ бевосита таъйин мекунад. 6 ҳуқуқшиноси дигарро Раиси Қувваи қазоӣ пешниҳод ва Маҷлис тасдиқ мекунад.
Мӯҳлат ва Дабир 6 сол — ҳар 3 сол нисфи аъзо иваз мешавад. Дабир: Аҳмад Ҷаннатӣ — аз 1992.
Вазифаҳо Ду вазифаи асосӣ дорад. Якум — тамоми қонунҳои Маҷлисро аз рӯйи шариат ва Қонуни асосӣ баррасӣ ва қонунҳои мухолифро рад мекунад. Дувум — ҳамаи номзадони интихоботи раисҷумҳурӣ, маҷлис ва хубрагонро тасдиқ ё рад мекунад. Тибқи асли 99 бар ҷараёни интихобот назорат мебошад.
Қувваи қазоӣ бастан ✕
Раис Раисро Роҳбари олӣ барои 5 сол таъйин мекунад. Кунунӣ: Ғулом Ҳусайн Муҳсин Эжаӣ.
Иртибот Раиси Қувваи қазоӣ 6 ҳуқуқшиноси Шӯрои нигаҳбонро ба Маҷлис пешниҳод мекунад, ки бояд мавриди тасдиқи Роҳбари олӣ қарор гиранд.
Вазифаҳо Тамоми додгоҳҳо ва додгустарии кишварро идора мекунад. Иҷрои қонунҳои ҷиноиро назорат мекунад. Ба таври расмӣ аз ду қувваи дигар мустақил аст.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ — IRGC бастан ✕
Таъсис ва фармондеҳ Дар 1979 барои ҳифзи инқилоб таъсис ёфт. Фармондеҳро Роҳбари олӣ бевосита таъйин мекунад.
Зерсохт Нерӯҳои заминӣ, баҳрӣ, ҳавоӣ, Нерӯи Қудс (амалиёти хориҷӣ: Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман ва ғ.) ва Басиҷ.
Андоза Наздик ба 200 ҳазор нерӯи доимӣ дорад.
Нуфузи иқтисодӣ Садҳо ширкат ва корхонаи саноатиро зери назорат дорад — яке аз бузургтарин иттиҳодияҳои Эрон аст.
Созмони садо ва симо бастан ✕
Раис Раисро бевосита Роҳбари олӣ таъйин мекунад, на ҳукумат ё Маҷлис.
Вазифа Идораи радио ва телевизиони давлатии Эрон. Тамоми шабакаҳои расмии телевизионӣ ва радиои давлатиро идора мекунад.
Зинаи 3 · Маҷлиси хубрагон — назоратгари Роҳбари олӣ
Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ
88 муҷтаҳид · 8 сол · мардум интихоб мекунанд · номзадон аз Шӯрои нигаҳбон
Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бастан ✕
Таркиб ва интихоб 88 муҷтаҳид барои 8 сол аз ҷониби мардум интихоб мешаванд. Аммо ҳамаи намзадон бояд аввал аз Шӯрои нигаҳбон, ки аъзояшро Роҳбари олӣ таъйин кардааст, тасдиқ шаванд.
Раис Муҳаммад Алии Муваҳҳидии Кирмонӣ — аз майи 2024. Дар марти 2026 Маҷлиси хубрагон Муҷтабо Хоманаиро ба унвони Роҳбари олии нав интихоб кард.
Вазифаҳо Вазифаи аслӣ интихоби Роҳбари олист. Инчунин, бар кори Роҳбари олӣ назорат мекунад ва дар сурати ноқобилӣ ё беморӣ метавонад ӯро аз вазифа озод кунад (Асли 111). Ҳар 6 моҳ як бор ҷаласа баргузор мекунанд.
Зинаи 4 · Нерӯҳои интихобие, ки Шӯрои нигаҳбон назорат мекунад
Маҷлиси Шӯрои исломӣ
290 вакил · 4 сол · қонунгузорӣ
Раисҷумҳур
Масъуд Пизишкиён · аз июли 2024
Маҷмаи ташхис
46 аъзо · 5 сол · Роҳбари олӣ таъйин мекунад
Маҷлиси Шӯрои исломӣ бастан ✕
Аъзо ва мӯҳлат 290 намоянда барои 4 сол аз ҷониби мардум интихоб мешаванд.
Раис Муҳаммад Боқири Қолибоф — аз 2020 то имрӯз.
Вазифаҳо Қонунро тасвиб, буҷет тасдиқ ва вазиронро пас аз пешниҳоди раисҷумҳур таъйид мекунад. Ҳуқуқи суол аз вазирон, баррасии расмӣ ва азли онҳоро дорад. Ҳамаи қонунҳо пас аз тасвиб бояд аз Шӯрои нигаҳбон гузаранд ва дар сурати ихтилоф Маҷмаи ташхис фасх (бекор) мекунад.
Раисҷумҳур бастан ✕
Кунунӣ ва интихоб Масъуди Пизишкиён — аз июли 2024. Бевосита аз ҷониби мардум барои 4 сол интихоб мешавад. Ҳадди аксар 2 давра.
Тасдиқ Шӯрои нигаҳбон ҳамаи намзадонро пеш аз интихобот тасдиқ мекунад. Роҳбари олӣ пас аз интихоб ҳукми раисҷумҳурро имзо мекунад.
Вазифаҳо Раиси Ҳайати давлат (ҳукумат) аст ва вазиронро ба Маҷлис пешниҳод мекунад. Қонунҳои тасдиқшударо иҷро мекунад. Буҷети давлатиро таҳия мекунад. Раиси Шӯрои олии амнияти миллӣ аст. Шартномаҳои байналмилалиро имзо мекунад.
Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом бастан ✕
Таъсис ва аъзо Дар 1987 бо фармони Имом Хумайнӣ таъсис ёфт. 46 узви доимиро Роҳбари олӣ ҳар 5 сол таъйин мекунад.
Раис Содиқ Омулии Лориҷонӣ — аз 2019.
Вазифаҳо Ихтилофи Маҷлис ва Шӯрои нигаҳбонро ҳал мекунад. Маслиҳатгоҳи расмии Роҳбари олӣ дар сиёсатгузорӣ аст. Тибқи асли 111, дар ҳолати даргузашти Роҳбари олӣ, шӯрои 3-нафараи муваққатии иборат аз раисҷумҳур, раиси Қувваи қазоӣ ва як фақеҳи Шӯрои нигаҳбон ваколатҳои Роҳбари олиро то интихоби нав мекунад.
Зинаи 5 · Зери раисҷумҳур
Ҳайати давлат
Раисҷумҳур таъйин, Маҷлис тасдиқ мекунад
Шӯрои амнияти миллӣ
Раис — Раисҷумҳур
Шӯрои инқилоби фарҳангӣ
Раис — Раисҷумҳур
Ҳайати вазирон — 19 вазорат бастан ✕
Таъин ва вазифа Раисҷумҳур вазиронро таъйин мекунад, Маҷлис бо овоздиҳӣ тасдиқ мекунад. Тамоми корҳои иҷроии давлатиро тавассути 19 вазорат идора мекунад.
Вазорати омӯзиш ва парвариш
Вазорати иртиботот ва фановарии иттилоот
Вазорати иттилоот
Вазорати умури иқтисодӣ ва дороӣ
Вазорати умури хориҷа
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ
Вазорати таовун, кор ва рафои иҷтимоӣ
Вазорати ҷиҳоди кишоварзӣ
Вазорати додгустарӣ
Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ
Вазорати роҳ ва шаҳрсозӣ
Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ
Вазорати кишвар
Вазорати нафт
Вазорати нерӯ
Вазорати улум, таҳқиқот ва фановарӣ
Вазорати санъат, маъдан ва тиҷорат
Вазорати варзиш ва ҷавонон
Вазорати умури ҳаҷ, авқоф ва умури хайрия
Шӯрои олии амнияти миллӣ бастан ✕
Раис ва аъзо Раисҷумҳур раис аст. Аъзо: раисони Қувваи қазоӣ ва Маҷлис, фармондеҳони Сипоҳ ва Артиш, вазирони дахлдор ва намояндагони Роҳбари олӣ.
Вазифа Тасмимгирӣ дар масоили амниятӣ ва дифоӣ, ҳамоҳангии нерӯҳои низомӣ, амниятӣ ва музокироти ҳастаӣ (ядроӣ). Дабири шӯроро Роҳбари олӣ таъйин мекунад ва тасмимҳои муҳим бояд мавриди таъйиди Роҳбари олӣ қарор гиранд.
Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ бастан ✕
Таъсис ва раис Дар 1980 таъсис ёфт. Раисҷумҳур раис аст.
Вазифа Тамоми барномаҳои дарсии мактаб ва донишгоҳ, муҳтавои расонаҳо ва сиёсати фарҳангии кишварро тасдиқ мекунад. Исломикунонии фарҳанг ва тарбияи ҷамъиятӣ аз вазифаҳои асосии он аст.
Зинаи 6 · Нерӯҳои мусаллаҳ — зери фармондеҳии Роҳбари олӣ
Артиш
Фармондеҳро Роҳбари олӣ таъйин мекунад
Басиҷ
Зери Сипоҳ · ихтиёрӣ
Нирӯи интизомӣ
Раисро Роҳбари олӣ таъйин мекунад
Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бастан ✕
Фармондеҳ Роҳбари олӣ фармондеҳи кул аст. Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳро Роҳбари олӣ таъйин мекунад.
Таркиб Нерӯи заминӣ, баҳрӣ, ҳавоӣ ва дифои ҳавоӣ.
Вазифа ва фарқ бо Сипоҳ Вазифаи аслии Артиш дифои хоки кишвар аз ҳамлаи хориҷист. Сипоҳ барои ҳифзи низоми инқилобӣ таъсис ёфтааст — ин ду нерӯи алоҳида ва ба ҳам вобастаанд.
Басиҷи мустазъафин бастан ✕
Тобеият ва аъзо Зери назари Сипоҳи посдорон фаъолият мекунад. Иштирок ихтиёрист. Садҳо ҳазор узв дорад.
Вазифаҳо Амнияти дохилии кишварро таъмин мекунад, дар ҳолати ҷанг ба Артиш ва Сипоҳ ёрӣ мерасонад ва дар тарбияи идеологии ҷавонон ширкат мекунад.
Нирӯи интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон бастан ✕
Раис Раисро Роҳбари олӣ таъйин мекунад — на Раисҷумҳур ё вазири дохилӣ.
Вазифаҳо Тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандиро таъмин мекунад. Иҷрои қонунҳои ҷамъиятӣ ва амниятиро назорат мекунад.
Зинаи 7 · Идоракунии маҳаллӣ
Шӯроҳои исломии шаҳр ва деҳот
Мардум бевосита аъзоро интихоб мекунанд
Шӯроҳои исломии шаҳр ва деҳот бастан ✕
Интихоб Мардум бевосита аъзоро интихоб мекунанд. Шӯрои нигаҳбон дар ин интихобот намзадонро тасдиқ намекунад.
Вазифаҳо Шаҳрдор (раиси шаҳр), бахшдор (раиси ҷамоат) ва деҳёр (раиси деҳ)-ро интихоб мекунанд. Корҳои шаҳрсозӣ, хадамоти шаҳрдорӣ ва лоиҳаҳои маҳалиро идора мекунанд.
Зинаи 8 · Мардум
Мардуми Эрон — зиёда аз 90 миллион нафар
Интихоби Раисҷумҳур · Маҷлис · Хубрагон · Шӯроҳо — номзадон ба ҷуз шӯроҳои маҳаллӣ аз Шӯрои нигаҳбон мегузаранд
Мардуми Эрон бастан ✕
Демография Зиёда аз 90 миллион нафар. Зиёда аз 60% зери 30 сол. Мардум бо чанд забон, монанди форсӣ, озарӣ, курдӣ, арабӣ, лурӣ ва ғайра ҳарф мезананд. Забони давлатӣ забони форсӣ аст.
Ҳуқуқи расмӣ Мардум раисҷумҳур, вакилони Маҷлис, аъзои Хубрагон ва шӯроҳои маҳалиро бевосита интихоб мекунанд.
Тартиби интихоб Ҳамаи намзадони интихоботи миллӣ — ба ҷуз шӯроҳои маҳаллӣ — аввал аз Шӯрои нигаҳбон мегузаранд ва тасдиқ мешаванд, пас аз он мардум интихоб мекунанд.
Таркиби миллӣ Форсҳо, озариҳо, курдҳо, лурҳо, арабҳо, балуҷҳо, туркманҳо ва ғайраро ташкил медиҳанд.
Таҳиягар: Меҳрофарин Наҷибӣ · Asia-Plus