Даври 1-уми музокирот
Муайян намудани самтҳои асосии музокироти оянда ва таҳияи рӯзномаи умумии гуфтушунидҳо. Ҷонибҳо роҳҳои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, бозгашти бехатари гурезаҳо ва шартҳои қатъи амалиёти ҷангиро ба таври муқаддимавӣ муҳокима карданд.
11 апрел «Изҳороти муштарак» ба имзо расид, ки тарафҳоро ба худдорӣ аз амалҳои монеасоз даъват мекард. 12 апрел Рӯзномаи расмии музокирот иборат аз се қисм (сиёсӣ, гурезаҳо, конститутсионӣ) тасдиқ карда шуд.