Эҳтимолан роҳбари ҳайат
Муҳаммадбоқир Қолибоф
Раиси Маҷлис (парлумон) · узви Шӯрои олии амнияти миллӣ
Сипоҳи посдорон
Собиқ шаҳрдор
Генерал
Таваллуд: 1961, Торқабаи Хуросон. Падараш тоҷир буд.
Дар ҷанги Эрон-Ироқ (1980–1988) ба Сипоҳи посдорон пайваст. Бародараш Ҳасан дар ҳамин ҷанг кушта шуд.
Фармондеҳи Нерӯи ҳавоии Сипоҳ, сардори Нерӯи интизомӣ ва шаҳрдори Теҳрон (2005–2017).
Чаҳор маротиба дар интихоботи раисҷумҳурӣ номзад шуд — ҳар бор шикаст хӯрд.
Бо Қосим Сулаймонӣ ҳамкори наздик буд, аз ин рӯ нуфузи ӯ дар Сипоҳ пурқувват аст.
Бархе расонаҳо бо такя ба манбаъҳои худ қаблан ҳам навиштанд, ки Амрико маҳз Муҳаммадбоқир Қолибофро ҳамчун номзад барои музокирот медонад. Худи Қолибоф қаблан ин иддаоро рад карда буд.