Нигораи иттилоотӣ · Азия-Плюс

Қонуни нав бо кадом чораҳо мехоҳад самти муҳоҷиратро гуногун кунад?

Гуногунсозии муҳоҷирати меҳнатӣ (диверсификатсия) дар моддаи 22 бо 14 чора пешбинӣ шудааст. Нигораи иттилоотӣ (инфографика) ҳар чораро аз рӯйи матни қонун, бо калимаҳои фаҳмо ва дар чор боб нишон медиҳад. Сарлавҳаро пахш кунед.

☝ Ҳар сарлавҳаро пахш кунед — маълумот кушода мешавад

1Моддаи 22, қисми 1Гуногунсозӣ барои чӣ лозим аст?

Ба забони оддӣ: Гуногунсозӣ — яъне ба як-ду кишвар такя накардан ва самтҳои нави кор кушодан.

Мувофиқи қисми 1 моддаи 22, гуногунсозии муҳоҷирати меҳнатӣ бо ин мақсадҳо анҷом дода мешавад:

Мақсадҳо

  • ✓васеъ кардани самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ
  • ✓коҳиш додани хавфҳои вобастагии муҳоҷират аз давлатҳои алоҳида
  • ✓баланд бардоштани самаранокии муҳоҷирати меҳнатӣ
2Моддаи 22, қисми 2Чӣ чораҳо бо корфармоёни хориҷӣ?

Ба забони оддӣ: Давлат мехоҳад, ки корфармоёни хориҷиро ҳисоб кунад, баҳо диҳад ва бо онҳое, ки ҳуқуқи муҳоҷиронро вайрон мекунанд, ҳамкориро маҳдуд ё қатъ кунад.

Мақоми ваколатдор дар соҳаи муҳоҷират чораҳои зеринро амалӣ мекунад (рақами банд — тартиби он дар қисми 2 моддаи 22):

Феҳрист ва раддабандӣ

  • 2ташаккул ва пешбурди феҳристи корфармоёни хориҷие, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор ҷалб мекунанд
  • 3ҷорӣ кардани низоми раддабандии корфармоёни хориҷӣ дар асоси риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, шартҳои пардохти музди меҳнат ва кафолатҳои иҷтимоӣ
  • 7таъмини шаффофият ва дастрасии иттилоот оид ба корфармоён, шароити меҳнат ва сатҳи музди меҳнат

Шикоят ва ҷазо

  • 4мусоидат ба пешниҳоди шикоят аз ҷониби муҳоҷирон нисбат ба корфармоён барои вайрон кардани шартҳои кор ва ба ҳисоб гирифтани шикоятҳо ҳангоми ташаккули раддабандӣ
  • 5маҳдуд ё қатъ кардани ҳамкорӣ бо корфармоёне, ки ба вайронкунии ҳуқуқҳои муҳоҷирон роҳ додаанд
  • 14ҳамкорӣ бо корфармоён ва мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ
3Моддаи 22, қисми 2Чӣ чораҳо дар бораи кишварҳо?

Ба забони оддӣ: Давлат квотаи тақсимоти муҳоҷиронро аз рӯйи кишварҳо муқаррар мекунад ва афзалиятро ба кишварҳое медиҳад, ки ҳифзи иҷтимоии баланд доранд.

Рақами банд — тартиби он дар қисми 2 моддаи 22:

Кишварҳо ва бозорҳо

  • 1муқаррар кардани квотаи тақсимоти муҳоҷирони меҳнатӣ аз рӯйи давлатҳои таъинот бо назардошти талаботи бозори байналмилалии меҳнат ва манфиатҳои миллӣ
  • 8афзалият додан ба фиристодани шаҳрвандон ба давлатҳое, ки сатҳи баланди ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои меҳнатӣ доранд
  • 9мониторинг ва таҳлили бозорҳои байналмилалии меҳнат
4Моддаи 22, қисми 2Чӣ чораҳо барои кор ёфтан ва омодагӣ?

Ба забони оддӣ: Кор ёфтан ва шартнома бастан дар интернет, омодагӣ ва бозомӯзӣ, иттилоот дар бораи кор ва ба назар гирифтани хавфи занон.

Рақами банд — тартиби он дар қисми 2 моддаи 22:

Пойгоҳи рақамӣ ва иттилоот

  • 6рушди пойгоҳҳои рақамӣ (платформа) оид ба интихоби ҷойҳои холии кор ва ба имзо расонидани шартномаҳои меҳнатӣ дар шакли электронӣ барои муҳоҷирон
  • 11иттилоотонии шаҳрвандон оид ба имкониятҳои бокортаъминшавӣ дар хориҷа

Омодагӣ ва ҷалб

  • 10омодасозӣ ва бозомӯзии шаҳрвандон бо назардошти талаботи корфармоёни хориҷӣ
  • 12рушди низоми ҷалб ва сафарбарсозии муташаккилонаи муҳоҷирон

Занони муҳоҷир

  • 13ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои гендерии муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла хавфҳои хоси занони муҳоҷир ҳангоми гуногунсозии самтҳои муҳоҷират

Тартиби муқаррар кардани квотаҳо, пешбурди феҳристи корфармоён, ташаккули раддабандӣ ва фаъолияти пойгоҳҳои рақамиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират муайян мекунад (қисми 3 моддаи 22).