Ҳукумати Тоҷикистон чӣ кард? — Қадам ба қадам

Чораҳои давлатӣ пеш ва баъд аз қатъи PEPFAR · 1997–2030

📋
АЗ СОЛИ 1997
7 барномаи миллӣ қабул шуд
Аз замони соҳибистиқлолӣ ҳукумат 7 барнома ва нақшаи стратегӣ барои мубориза бо ВНМО қабул ва амалӣ кардааст.
🔍
СОЛИ 2024
Тадқиқот гузаронид
Бо дастгирии UNAIDS тадқиқоти «Арзёбии миллии харҷи СПИД» (NASA) гузаронида шуд.
Азиза Ҳамидова, роҳбари UNAIDS дар Тоҷикистон: «Арзёбӣ нишон дод, ки зиёда аз 60 дарсади барномаи миллии ВНМО аз маблағҳои беруна — асосан аз Фонди ҷаҳонӣ ва ҳукумати Амрико маблағгузорӣ мешавад.»
🗺️
СОЛИ 2024–2025
Аввалин нақшаи гузариш
Бар асоси натиҷаи NASA, аввалин барномаи гузариш ба худмаблағгузории давлатӣ таҳия шуд. Ҳадаф: то соли 2030 худмаблағгузор шудани барномаи миллии мубориза бо ВНМО.
💊
СОЛИ 2025 — АВВАЛИН БОР
Давлат доруҳоро бори нахуст аз буҷети худ харид
Бори аввал дар таърихи кишвар ҳукумат аз буҷети давлатӣ барои харидории 10 дарсади доруҳои зиддиретровирусӣ маблағ ҷудо кард. Нақша ҳаст, ки ҳар сол аз 10 то 20 дарсад ин маблағ зиёд шавад.
✅
МАРТИ 2026
Тоҷикистон худмаблағгузор мешавад
«Норасоии дору вуҷуд надорад. Тоҷикистон расман ба харидории мустақилонаи доруҳои марбут ба ВНМО гузаштааст.»
🎯
Ҳадаф — 2030
Барномаи миллии ВНМО пурра аз кӯмаки беруна мустақил мегардад
Манобеъ: UNAIDS · Asia-Plus · Вазорати тандурустии ҶТ Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus