Оқибатҳои қатъи PEPFAR: кӣ ва чӣ гуна зарар дид?

Таъсири мустақим ба хидматрасониҳои соҳаи ВНМО дар Тоҷикистон · январ–апрели 2025

Вазъи хизматрасониҳо
⛔ 2 маркази ҷамъиятӣ — БАСТА ШУД
Созмонҳои "SPIN Plus" (Душанбе) ва "Дина" (Суғд) фаъолияти худро қатъ карданд. ТҶ "Марворид" бе маблағ монд.
⛔ Барномаи PrEP — ҚАТЪ ГАРДИД
Дастрасӣ ба доруҳои пешгирикунандаи ВНМО барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ комилан қатъ шуд.
⛔ Назорати ҷамъиятӣ — МАҲДУД ШУД
6 ташкилоти ҷамъиятӣ аз фаъолият монданд. Омӯзиши масъалаҳои табъиз ё худ муносибати манфии ҷомеа ва ҳисоботи оморӣ боздошта шуд.
⛔ Табобати зардпарвин — БОЗДОШТ ШУД
Табобати Гепатити С дар 5 нуқтае, ки аз ҷониби CDC маблағгузорӣ мешуд, қатъ гардид.
⚠️ Шарҳу тавзеҳ ва омӯзишҳо — МАҲДУД ШУДАНД
Маъракаҳои иттилоотӣ ва хидматрасониҳои сайёр барои гурӯҳҳои хавфи баланддошта кам шуданд.
⚠️ Дастгирии равонӣ — КОҲИШ ЁФТ
Беморон аз бад шудани вазъи равонӣ шикоят доштанд. Тартиби табобати беморон ҳам вайрон шуд.
✅ Табобат — ИДОМА ДОРАД
Хидматрасониҳои давлатӣ барои беморони ВНМО ва СПИД дар Тоҷикистон бо дастгирии Фонди ҷаҳонӣ мисли пешина идома доранд. Норасоии доруҳо ба назар намерасад.
✅ Маблағгузорӣ ба 5 OAT — ИДОМА ДОШТ
Гарчанде PEPFAR моҳи январ қатъ шуд, CDC маоши кормандони 5 нуқтаи табобати бемориҳои вобаста ба опиоид (ОАТ)-ро, ки беш аз 200 бемори вазнинро табобат мекунанд, то апрели 2025 пардохт кард. Вазъи баъдиаш номаълум аст.
Теъдоди кормандони бемаошмонда
32
Мутахассиси соҳаи тандурустӣ
15
Табиби касбӣ
15
Корманди техникӣ
16
Намояндаи созмонҳои ҷамъиятӣ
Манбаъ: Гузоришҳои UNAIDS ва EHRA/HRI (март–апрели 2025) Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus