Нигораи иттилоотӣ · Азия-Плюс

Аз насби дурбин дар либос то истифодаи ҳушвора. Ислоҳоти нави милитсия чиро иваз мекунад?

Ҳукумат Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026–2030-ро тасдиқ кард. Дурбин дар либоси кормандон, шинохти чеҳра, ҳушвора, шикоят тавассути телефон ва қабули кормандон бо озмун: дар ин нигораи иттилоотӣ (инфографика) мухтасар нишон додаем, ки дар барнома чӣ навишта шудааст. Ҳар бахшро пахш кунед, то кушода шавад.

☝ Ҳар сарлавҳаро пахш кунед, маълумот кушода мешавад

1Роҳи ислоҳотАз роҳбурд то марҳилаи сеюм

Ислоҳоти милитсия соли 2013 бо кӯмаки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оғоз шуда буд. Шумораи шуроҳои ҷамъиятӣ аз рӯи маълумоти САҲА (ноябри соли 2025) аст.

2Чаро ислоҳот?Барнома кадом мушкилро эътироф мекунад?

Ду таҳдиди беруна ва ду мушкили дохилии низоми милитсия, ки дар худи барнома номбар шудаанд.

Таҳдидҳои минтақа

Барнома аз авҷ гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро дар минтақа ва ҷаҳон ёд мекунад.

Ҷинояткорӣ тавассути интернет

Гурӯҳҳои муташаккили фаромиллӣ бо фановариҳои иттилоотӣ нақшаҳои ҷиноятиро аз хориҷи кишвар тарҳрезӣ мекунанд.

Сифати таҳсил

Ба эътирофи барнома, сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии ВКД дар сатҳи зарурӣ нест.

Санадҳои такмилталаб

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти милитсия ниёз ба такмил доранд.

3Милитсияи рақамӣДурбин дар либос ва чеҳра дар махзан

Мақсад, ба навиштаи барнома, “фазои ягонаи рақамии фаъолияти милитсия” аст, ки идоракуниро самаранок ва фаъолиятро шаффоф кунад ва эътимоди шаҳрвандонро баланд бардорад.

Махзани ягонаи маълумот

Ҳамаи махзанҳо, феҳристҳо ва низомҳои баҳисобгирии мавҷуда дар як махзани марказонидашуда муттаҳид мешаванд. Дастрасӣ ба маълумот дар вақти воқеӣ.

Дурбин дар либос (бодикамера)

Дурбини хурде, ки ба либоси корманд васл мешавад ва ҳар гуфтугӯ ва амали ӯро бо шаҳрванд сабт мекунад. Наворҳо дар як ҷо нигоҳ дошта ва худкор нусхабардорӣ мешаванд.

Шинохти чеҳра

Низоми зираки таҳлили навор: шинохти чеҳра, мошинҳо ва тарзи рафтори одамон. Ҳамааш мутобиқи қонун дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ.

Ҳушвора

Ҳушвора (зеҳни сунъӣ) ҳаҷми бузурги маълумотро таҳлил мекунад, то ҳуқуқвайронкуниҳоро пешакӣ бубинад.

Милитсия дар телефон

Шикоят ба милитсия, гирифтани маълумот ва хидматрасониҳои давлатӣ тавассути сомона ва барномаи телефонӣ.

Пайгирии шикоят

Тартиби муроҷиат сода мешавад ва шаҳрванд метавонад қабул, бақайдгирӣ ва қарорро оид ба шикояти худ назорат кунад.

Ҳуҷҷатгардони рақамӣ

Парвандаҳо ва ҳуҷҷатҳои ВКД ба шакли рақамӣ мегузаранд ва худкор гардиш мекунанд.

Амнияти шабака

Ҳимояи шабака ва махзанҳои ВКД аз ҳамлаҳои рақамӣ ва ҳифзи маълумоти шахсии шаҳрвандон.

4Милитсия ва ҷомеаБарои шаҳрванд чӣ тағйир меёбад?

Ба навиштаи барнома, корманди милитсия бояд тавре кор кунад, ки мардум ӯро ҳимоятгар ва ӯ мардумро ёрдамчии боэътимод шуморад.

Нуқтаҳои сайёр

Нуқтаҳои сайёри милитсия дар деҳоти дурдаст барои қабули муроҷиати шаҳрвандон фаъолиятро идома медиҳанд.

Шуроҳои ҷамъиятӣ

Машваратҳои муштарак бо шуроҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Пурсиши аҳолӣ

Фаъолияти милитсияро аз берун ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пурсиши аҳолӣ баҳо медиҳанд. Натиҷаҳо ҳар сол пайгирӣ мешаванд.

Ноболиғон

Ба наврасони аз таҳсил дурмонда, беназорат ва ба қонунвайронкунӣ моил таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.

Муҳоҷирони меҳнатӣ

Ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои тоҷикон дар хориҷ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва фаҳмондадиҳӣ пеш аз сафари шаҳрвандон.

Телевизион ва театр

Барномаҳои телевизион ва радио ва намоишҳои театрӣ дар бораи оқибатҳои ҳуқуқвайронкунӣ.

Чор шакли ҳамкории милитсия бо аҳолӣ

иттилоотӣ (маълумотдиҳӣ)машваратӣусулӣташкилӣ
“Милитсия – кафили оромии ҷомеа”
Шиоре, ки барнома барои ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод мекунад
58 самти барномаДар ҳар самт чӣ кор мешавад?

Ҳар самтро пахш кунед, то тафсилаш кушода шавад.

1§1 · банди 12Заминаи ҳуқуқӣ

Ба забони оддӣ: Қонунҳо ва қоидаҳои кори милитсия аз нав дида мешаванд, то вазифаҳо такрор нашаванд ва кормандон бо озмун ба кор қабул шаванд.

Дар барнома чӣ навишта шудааст

  • 1Омӯзиши таҷрибаи кишварҳое, ки дар ислоҳоти милитсия ба натиҷаҳои назаррас расидаанд.
  • 2Кам кардани вазифаҳои такроршаванда ва аз нав сохтани сохтори ВКД.
  • 3Пешгирии хавфи фасод (коррупсия) дар кори кормандон.
  • 4Интихоби номзадҳо ва қабули кадрҳо дар асоси озмун.
  • 5Гузариш ба хидматрасонии давлатии рақамӣ ба аҳолӣ.
  • 6Аз байн бурдани корҳои аз меъёр зиёди бемузд ва ба ҳадди ақал расонидани тақвияти хидмат.
2§2 · бандҳои 13–14Таҳсил ва илм

Ба забони оддӣ: Муассисаҳои таълимии ВКД барномаҳо, таҷҳизот ва махзанҳои рақамии нав мегиранд, ҷавонон барои таҳсил ба хориҷ фиристода мешаванд.

Дар барнома чӣ навишта шудааст

  • 1Барномаҳои таълимӣ мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти касбӣ.
  • 2Таҷҳизонидани синфхонаҳо ва пойгоҳҳои махсуси таълимӣ.
  • 3Гузариш ба идоракунии рақамӣ ва таъсиси махзанҳои рақамии таълимӣ ва илмӣ.
  • 4Бурсияҳо барои таҳсили баъдидонишгоҳии мутахассисони ҷавон дар донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷ.
  • 5Ҳавасмандгардонии омӯзгорони соҳиби унвон ва дараҷаи илмӣ.
  • 6Дастгирии иҷтимоии донишҷӯёни баъдидонишгоҳӣ ва олимони ҷавон.
3§3 · бандҳои 15–20Гузариш ба кори рақамӣ

Ба забони оддӣ: Тамоми кори милитсия ба фазои ягонаи рақамӣ мегузарад: аз махзани ягона то дурбин дар либос ва ҳушвора (тафсил дар бахши “Милитсияи рақамӣ”).

Дар барнома чӣ навишта шудааст

  • 1Таъсиси низоми ягонаи ҳамгирошудаи иттилоотии мақомоти корҳои дохилӣ.
  • 2Мубодилаи тезу боэътимоди маълумот байни воҳидҳои сохтории ВКД.
  • 3Таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасӣ ба адолати судӣ.
  • 4Рақамӣ кардани идоракунӣ ва таҳлил, баланд бардоштани малакаи рақамии кормандон.
  • 5Ҳифзи маълумоти шахсӣ мутобиқи стандартҳои муосир.
4§4 · бандҳои 21–28Огоҳонӣ ва пешгирӣ

Ба забони оддӣ: Милитсия бояд ҷиноятро пеш аз содир шуданаш пешгирӣ кунад ва дар ин кор на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеа ширкат варзад.

Дар барнома чӣ навишта шудааст

  • 1Ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ.
  • 2Пайгирии доимии захираҳои иттилоотӣ, аз ҷумла интернет, ва пешгирии истифодаи он бо мақсадҳои ҷиноятӣ.
  • 3Пешгирии ташвиқоти ифротгароӣ ва терроризм ва баланд бардоштани маърифати динии аҳолӣ.
  • 4Барномаҳои телевизион ва радио, намоишҳои театрӣ дар шаҳру ноҳияҳо.
  • 5Ба таҳсил ҷалб кардани ноболиғони аз мактаб дурмонда ва беназорат.
  • 6Муҳоҷирон: ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои тоҷикон дар хориҷ, тақвияти намояндагиҳои ВКД дар хориҷ ва фаҳмондадиҳӣ пеш аз сафар.
5§5 · бандҳои 29–39Ҳамкорӣ бо ҷомеа

Ба забони оддӣ: Созукори (механизми) нави ҳамкорӣ бар эътимоди мутақобила асос ёфта, бояд ҷинояткориро коҳиш диҳад ва боварии мардумро ба милитсия баланд бардорад.

Дар барнома чӣ навишта шудааст

  • 1Баланд бардоштани дониши ҳуқуқии кормандон ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.
  • 2Робитаи устувори милитсия бо ҷомеа ва хидматрасонии босифат ба аҳолӣ.
  • 3Чор шакли ҳамкорӣ: иттилоотӣ, машваратӣ, усулӣ ва ташкилӣ.
  • 4Тақвияти ҳамкорӣ бо шуроҳои ҷамъиятӣ.
  • 5Идомаи фаъолияти нуқтаҳои сайёри милитсия дар маҳалҳои дурдаст.
  • 6Нақшаи чорабиниҳо барои тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ.
6§6 · бандҳои 40–41Ҳимояи кормандон

Ба забони оддӣ: Кормандони милитсия бояд барои маҳдудиятҳои хидматӣ ҷуброн, бастаҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи саломатӣ гиранд.

Дар барнома чӣ навишта шудааст

  • 1Ҳавасмандгардонии моддӣ ва бастаҳои иҷтимоӣ барои ҷуброни маҳдудиятҳои ҳуқуқу озодиҳо, ки аз зарурати хидматӣ бармеоянд.
  • 2Низоми идоравии ҳифзи меҳнат бо фановариҳои муосири бехатарии ҳаёт ва саломатӣ.
  • 3Ҳифзи саломатии кормандон ва аъзои оилаи онҳо, пешгирии бемориҳои касбӣ.
  • 4Ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хидматӣ корманд метавонад аз принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ пурра истифода барад.
7§7 · банди 42Ҳамкории байналмилалӣ

Ба забони оддӣ: ВКД метавонад бо давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома, созишнома ва ёддошти тафоҳум имзо кунад.

Дар барнома чӣ навишта шудааст

  • 1Пешгирӣ ва муқовимати муштарак ба ҷинояткории фаромиллӣ.
  • 2Мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ.
  • 3Омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимию илмии хориҷ.
  • 4Ёрии ҳуқуқӣ, моддӣ, молиявӣ, иттилоотӣ ва техникӣ.
8§8 · бандҳои 43–44Назорати фаъолияти милитсия

Ба забони оддӣ: Кори милитсияро ҳам роҳбарияти худи ВКД ва ҳам ҷомеа, аз ҷумла тавассути пурсиши аҳолӣ, баҳо медиҳанд.

Дар барнома чӣ навишта шудааст

  • 1Баҳодиҳии берунӣ: бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пурсиши аҳолӣ.
  • 2Баҳодиҳии дохилиидоравӣ: аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ.
  • 3Пайгирии ҳарсолаи натиҷаҳои фаъолияти милитсия ва пешниҳоди ҳисобот.
  • 4Машваратҳои муштарак бо шуроҳои ҷамъиятӣ.
6Ҳисобот ва хавфҳоКӣ ба кӣ ҳисобот медиҳад ва чӣ метавонад ислоҳотро боздорад?

Ду хавфе, ки худи барнома номбар мекунад

Фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ

Агар фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ дар сатҳи зарурӣ ташаккул наёбад, барнома метавонад иҷро нашавад.

Ҳавасмандии кормандон

Хавфи дуюм: набудани ҳавасмандгардониҳои дахлдор барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ.